Дар ноҳияи Искитимски вилояти Новосибирски Русия бар асари сӯхтор дар корхонаи истеҳсоли пойафзол 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Чин ҳалок шуданд.

Бино ба иттилои портали «Курьер. Среда. Бердск», пешакӣ сабаби сӯхтор муносибати нодурусту беэтиётона бо оташ унвон шуда, дар хомӯш кардани сӯхтор бо фарогирии майдони 2 ҳазор метри мураббаъ 84 нафар одамон ва 24 адад техникаи гарнизонҳои оташнишонии маҳаллӣ иштирок кардаанд.

Гуфта мешавад, ҷасадҳои сӯхтаи 5 нафар дар маркази коргоҳ ва 4 тани дигар дар қисмати дигар дарёфт шудаанд. Айни замон низ оташнишонон сохторҳои биноро ҷудо карда, дар ҷустуҷӯи осебдидагони дигар мебошанд.

Зикр мегардад, ки бинои корхона 10 сол пеш сохта шуда, дар он кроссовкаҳо истеҳсол мекардаанд. Бинобар сабаби афзоиши масоҳат, дар корхона доимо корҳои сохтмонӣ ҷараён доштаанд.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия алҳол маълумоти ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ин сӯхтор тасдиқ накардаанд.