Дар километри 72-юми роҳи Душанбе - Хуҷанд автомашинаи тамғаи «Toyota RAV4» таҳти идораи сокини 62-солаи вилояти Суғд ба ҷарии 150-метра сарозер рафт.

Тавре сухангӯи Кумитаи ҳодатҳои фавқулода Умеда Юсуфова хабар дод, автомашина бо сабаби ҳаракат кардан бо суръати хеле баланд ба садама дучор гардида, дар дохилаш 5 нафар қарор доштаанд.

«То омадани гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба саъйу талоши кормандони хадамоти истифодаи роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) ду мусофир аз автомашина берун оварда шуда, боқимондаро бо дастгоҳҳои махсус наҷотдиҳандагони Кумита аз автомашина берун кашиданд», - иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамаи осебдидагон бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористони ноҳияи Варзоб оварда шуда, мутаассифона яке аз онҳо - зани 68-солаи сокини шаҳри Панҷакент аз ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расидааст.

Қобили зикр аст, ки тӯли соли 2017 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 16 нафар осебдидагон аз садамаҳои нақлиётро наҷот додаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.