Дар мавзеи пули маҳаллаи 103-юми шаҳри Душанбе корманди Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон зери чархи автомашинаи ронандае, ки дар ҳолати ғайримуқаррарӣ қарор дошт, ҳалок шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, ҳодиса шомгоҳон рух дода, зимни манъи автомашинае, ки бо суръати хеле баланд ҳаракат доштааст, он ба лейтенанти калони милитсия Камолиддин Ҳукуматов бархӯрда, ӯро аз по меафтонад.

«Аз ин зарба корманди милитсия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», сокини 23-солаи пойтахт Отабек Ашӯров ба талаботи манъ кардани нозири БДА итоат накарда, ӯро пахш мекунад. Баъдтар ин ронанда боздошт ва зимни муоинаи тиббӣ ошкор шудааст, ки ӯ дар ҳолати сархушӣ аз маводи нашъаовар автомашинаро идора мекардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.