Дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав сӯхтор ба амал омада, ба хомӯш кардани он беш аз 100 нафар кормандони мақомоти марбута ва 30 адад техника сафарбар шуд.

Хабаргузории РИА Новости менависад, сӯхтор шоми рӯзи 17 январ сар зада, майдони ҳудуди 300 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Бино ба маълумоти портали «Версия», ба хадамоти оташнишонӣ пешгирии паҳншавии алангаи оташ дар қаламрави бозор муяссар гардида, аз биноҳои гирду атрофи бозор наздики 40 нафар ба берун бароварда шудаанд.

Баҳри хомӯш кардани алангаи оташ Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз якчанд чархбол ва техникаи роботӣ низ истифода кардааст.

Дар ҳамин ҳол, муҳоҷирони тоҷики машули кор дар ин бозор расонаи мустақили «Ахбор» гуфтаанд, сӯхтор се раста (линия)-ро фаро гирифта, дар ин се растаи оташгирифта ҳудуди 20 тоҷири тоҷик низ кор мекардаанд.

Алҳол доир ба осебдидагон аз сӯхтор маълумот нарасидааст. Айни замон сабабҳои сар задани сӯхтор таҳқиқ мешаванд.

Дар хадамоти матбуоти бозори «Садовод» дар шарҳи ин ҳодиса гуфтаанд, дар фурӯшгоҳ партовҳои масолеҳи сохтмон оташ гирифтааст. Ҳаҷми зиён аз сӯхтор дар бозор ба ҳадди камтарин 8 млрд. рубл арзёбӣ мешавад.