Бар асари садамаи нақлиёти шоми рӯзи 30 январ назди мавзеи бемористони рақами 3-и шаҳри Душанбе (маъруф бо 1-ум Советский) рӯзноманигор Галим Фасҳутдинов ҷон бохт.
Автомашинаи хурди боркаши тамғаи «Дамас» таҳти идораи сокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Бахтиёр Халифаев қарор дошт. Ӯ ба интиқоли бору маҳсулот ба нуқтаҳои фурӯши пойтахт машғул буд.
«Натиҷаҳои ташхис мавҷуд будани маводи манъшуда, аз ҷумла маводи мухаддир ва машруботро дар ҷисми ронанда ошкор накарданд», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон.
Рӯзноманигор ҳангоми бозгашт аз кор роҳро дар чароғаки сабз мегузаштааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин ҳангом автомашинае, ки бо суръати баланд ҳаракат мекард, саривақт онро боздошта натавониста, ӯро пахш кардааст.
«Аз рӯи далели марги журналист парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар доираи он боз баргузории якчанд ташхиси дигар зарур аст», - илова кард манбаъ.
Галим Фасхутдинов солҳои зиёд ба ҳайси хабарнигори радиои “Мир”, хабарнигори радиои “Голос России” дар Тоҷикистон фаъолият дошт. Солҳои охир ба сифати хабарнигори бахши русии радиои “Мавҷи Олмон” кор мекард. Ҳамчунин узви фаъоли ҷамъияти тоторҳои Тоҷикистон буд.
Маросими ҷанозаи ӯ нимаи аввали имрӯз баргузор мешавад.
Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» аз марги ҳампешаи худ сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандонаш ҳардардии амиқ изҳор мекунанд ва аз Худованди мутаол ба онҳо сабри ҷамил металабанд.
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
“Қарзи инсонии худро иҷро кардем”. Чӣ гуна тоҷикон шаҳрвандони Русияро наҷот медиҳанд?
Падари Исломовҳо аз болои қарори ҳабсашон тибқи парвандаи “Крокус” шикоят бурд
Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста