Зимни маросими дафн дар ноҳияи Ванҷ муноқишаи оилавӣ рух дод, ки бо кордкашӣ анҷом пазируфт.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба гумони даст доштан дар ин амали ҷинояткорона кормандони милитсия марди 41-солаи сокини деҳаи Ускероғи ноҳияро дастгир кардаанд.

«Номбурда ҳангоми маросими дафни бародараш, марди 63-солаи сокини ноҳияи Ванҷ, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо писарони амакаш, мардони 28 ва 25-сола ва апааш зани 54-сола ҷангу ҷанҷол карда, сипас, бо корд ба бадани онҳо якчанд маротиба задааст», - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.