Сокинони ду деҳаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ аз орди гандуме, ки соҳибкори маҳаллӣ аз ноҳияи Ҳамадонӣ овардааст, заҳролуд шуданд.
Бино ба маълумоти котиби матбуотии раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева, моҳи августи соли гузашта соҳибкори маҳаллӣ, сокини деҳаи Тугози ҷамоати деҳоти Питуп Насриддин Сабзалиев аз минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ба деҳа 5 тонна гандум оварда, ба сокинони маҳаллӣ мефурӯхтааст, ки онро дар осиёб орд мекардаанд.
Баъдан маълум шудааст, ки дар таркиби гандум растании заҳролуд - гелиотроп (алафи бегона) мавҷуд будааст. Нахустин аломати заҳролудшавӣ аз орди ин гандум санаи 17 январ ба қайд гирифта шудааст: дар ин рӯз 5 узви оилаи Қурбонбеквоҳо - сокинони деҳаи Питупи ноҳияи Ишкошим ба бемористони вилоят оварда шуда, 31 январ кӯдаки 11-солаи ин оила вафот мекунад.
Бо аломатҳои захролудшавӣ айни замон 19 нафар, аз ҷумла 8 нафар кӯдакон дар бемористони вилоят бистарианд, ки вазъи 1 нафар аз кӯдакон вазнин аст.
Ба қавли Нилуфар Асламшоева гурӯҳи кории бо дастури раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ташкилшуда, дар ноҳияи Ишкошим сабабҳои заҳролудшавии одамонро муайн карда, санаи 9 феврал раиси вилоят гурӯҳи мутахассион аз Вазорати тандурустиро қабул кардааст, ки барои муолиҷаи сокинони заҳролудшудаи Ишкошим омадаанд.
Зимни ташхис дар ҷисми 60 нафар сокинони деҳаҳои Питуп ва Шитхарви ноҳияи Ишкошим тағйироти манфӣ ошкор шуда, он аз ривоҷи бемории марбут ба заҳролудшавӣ аз ғизо гувоҳӣ додааст.
«Ба ақидаи мутахассисони тиббӣ, аз эҳтимол дур нест, ки дар сокинони аз ин орд моҳҳои декабр ва январ истеъмолнамудаи ноҳия аломатҳои беморӣ фасли баҳор пайдо шаванд», - гуфт котиби матбуотии раиси вилоят.
Зимнан зикр гардид, ки гандуми заҳролуд аз дасти аҳолӣ гирифта шуда, ба ивази он бо дастури раҳбарияти вилоят аз ҳисоби захираҳои Агентии захираҳои давлатии моддӣ орд дода шудааст.
Ҳамчунин соҳибкоре, ки ин гандумро аз вилояти Хатлон овардааст, ба сокинони деҳаи Питуп ба ивази гандуми гирифта 2,5 тонна орд додааст.
«Ба бемористони вилоят ҷиҳати муолиҷаи беморон тамоми дорувории зарурии тиббӣ оварда шуд», - илова кард Нилуфар Асламшоева.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста