Дар роҳи Душанбе - Хуҷанд имрӯз хеле зиёд барф борида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо ин роҳ хатарнок шудааст. Субҳи имрӯз ин ҷо ду тарма фаромада, якеаш ду мошинро пахш кард. Ба наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), ки дар километри 71-уми роҳ навбатдорӣ мекунанд, муяссар шудааст, ки саривақт онҳоро наҷот диҳанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон даъват мекунад, ки то дастури махсус аз сафар бо ин роҳ барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш худдорӣ кунанд.

«Имрӯз наҷотдиҳандагон саривақт ба ҷойи ҳодиса расида, 7 нафаро наҷот доданд, ки мошинашон зери тарма монда буд. Ҳодиса дар километри 69-уми роҳ рух дод. Айни замон роҳ барфпӯш буда, хатари тармафароиҳо вуҷуд дорад», - хабар доданд аз Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки дар роҳи Душанбе - Хоруғ низ хатари тармафароиҳо вуҷуд дошта, ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки то мусоид шудани обуҳаво, аз сафар бо ин роҳ низ алҳол худдорӣ кунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.