Дар Эрон ҳавопаймои ATR 72 бо 60 мусофир ва 6 аъзои ҳайати сарнишинон (экипаж) ба садама дучор шуд.

Нашрияи Медуза бо истинод ба хабаргузории Tasnim менависад, ҳавопаймо ба ширкати Aseman Airlines тааллуқ дошта, бо хатсайри Теҳрон - Ясуҷ, шаҳри воқеъ дар қисмати ҷанубу ғарбии Эрон парвоз мекардааст.

Гуфта мешавад, тақрибан баъди 20 дақиқаи оғози парвоз аз фурудгоҳи Теҳрон робита бо ҳавопаймо қатъ шудааст.

Ҳавопаймо дар мавзеи душворгузар афтода, айни замон наҷотдиҳандагон бо автомобилҳо талош доранд, ки ба ин мавзеъ раванд. Бар асари тумани ғализ чархболҳо дар ҷойи ҳодиса нишаст наметавонанд.

Ҳавопаймо дар наздикии шаҳри шаҳри Симируми вилояти Исфаҳон, воқеъ дар тақрибан 620-километрии ҷануби Теҳрон суқут кардааст. Дар ширкати ҳавопаймоӣ изҳор доштаанд, ки ҳамаи одамони дохили ҳавопаймо ҳалок шудаанд.

Бино ба маълуомти хабаргузории эронии Tasnim, обуҳаво дар маҳалли суқути ҳавопаймо номусоид буда, ба корҳои ҷустуҷӯ монеъа эҷод месозад. Тахмин мешавад, ки маҳз ҳамин обуҳавои номусоид ба садамаи ҳавопаймо сабаб шудааст.

Шабакаи телевизионии эронии Press TV иттилоъ додааст, ки халабон (лётчик)-и ҳавопаймои ба садама дучоршудаи ATR 72 соли 2013 низ пас аз вайрон шудани муҳаррик дар фурудгоҳи Ясуҷ ҳавопайморо ба таври садамавӣ фуруд овардааст.