Боронҳои шадиду селосо билохира аз худ аввалин нишони харобӣ мегузоранд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҶТ, дар баъзе манотиқи кишвар қитъаҳои наздиҳавлигӣ хароб мешаванд, ба заминҳои кишт зарар мерасад, роҳҳои мошингардро сангреза пур мекунад ва ҳаракати мошинҳо қатъ мешавад.

Гуфта мешавад, бар асари боронҳои шадиди рӯзҳои охир дар як қатор ноҳияҳои кишвар омадани сел ба қайд гирифта шудааст. 

Чунончи, дар қаламрави ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд сел ба 2 гектар замини кишт, 800 метр роҳ дар деҳаи Рӯзиобнок ва ба 10 хоҷагии наздиҳавлигии сокинони русто зарар овардааст.

Резиши санг  250 метр роҳҳо дар километри 51-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент баст. Айни замон ин қитъа аз сангрезаҳо тоза карда шуда ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шудааст.

Дар қасаби 19 шаҳри Конибодоми вилояти Суғд сел қисман 15 қитъаи наздиҳавлигии сокинонро хароб кард.

Дар вилояти Хатлон дар деҳаҳои Чорбоғ, Пахтадашт, Иттифоқ ва ҷамоати деҳаи Машъали ноҳияи Вахш сел ба 6 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар расонд.

Феълан дар маҳалҳо комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияҳо фаъолият мекунад. Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ техникаи махсус  сафарбар карда шудааст. Хушбахтона, офатҳои табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай надоштанд.