Дар ҷамоати Фондарё, деҳаи Марғзори ноҳияи Айнӣ  рӯзи 20 май бар асари канда шудани шахпорае модари 30-сола бо се фарзандаш ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Ба иттилои манбаъ, зан дар хоҷагии деҳқониашон воқеъ дар мавзеи Сангҳои Чигишт машғули кор буда, фарзандони ӯ - ду духтарчаи 8 ва 1-сола, ҳамчунин писарчаи 5-солааш дар паҳлӯяш саргарми бозӣ будаанд.

«Вақте модар мебинад, ки аз кӯҳ шахпорае канда шуда, сӯи кӯдаконаш мефарояд, назди онҳо давида, барои наҷоти фарзандонаш бо ҷисми худ онҳоро пӯшониданӣ мешавад, вале ин ба ӯ муяссар нагардида, аз ҷароҳатҳои бардошта модару се фарзандаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки боришоти шадиди рӯзҳои охир дар ҷумҳурӣ ба канда шудани шахпора боис гардидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.