Ин ҳодиса дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рух дода, сокини ноболиғи ноҳия зимни муноқишаи лафзӣ ба ҳамсоли худ бо корд ҳамла кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, навраси кордкашида ба гумони қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ боздошт шудааст.

Дар маълумоти ВКД қайд мешавад, ки ба мақомоти милитсия зани 44-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки, ноболиғ, писарбаччаи 17-солаи сокини ноҳияи мазкур, бо писари ноболиғи 17-солааш, ки сокини ҳамин ноҳия мебошад, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд ба қафаси синааш мезанад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона қарор дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.