Бар асари офатҳои табии моҳи май ба хоҷагии халқи вилояти Хатлон ба маблағи 19 млн. 540 ҳазор сомонӣ (беш аз 2,1 млн. доллар) зиён расид. Аз офатҳои табиӣ 4 ноҳия - Панҷ, Фархор, Ҷомӣ ва Вахш осеб диданд.

Комиссияи давлатии махсуси рафъи оқибатҳои офати табиӣ муайян кард, ки аз ҳама бештар ноҳияи Панҷ зарар дидааст, ки дар натиҷаи фаромадани сел ба се ҷамоати ноҳия ҳаҷми зиён 12,2 млн. сомониро ташкил додааст, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ситоди КҲФ ва МГ вилояти Хатлон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар офатҳои табиии фасли баҳор 4 нафар - 1-нафарӣ дар Панҷу Фархор ва 2 нафар дар Вахш ҷони худро аз даст доданд.

Сел 20 манзил дар ноҳияи Панҷ ва 6 хонаро дар Фархоб тахриб кард. Дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Вахш сел асосан ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ осеб расонид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.