Бар асари боришоти пуршиддат дар минтақаи шарқи Тоҷикистон сел омада, ба 20-25 қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинони деҳаҳои Янгишаҳр, Ҷултерак, Сурхоб ва Қӯшиағбаи ноҳияи Лахш осеби ҷиддӣ расид. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Як иншооти ёрирасон пурра ва панҷ чунин иншооти дигар қисман хароб гардида, ба манзилҳои зист осеб расонида нашудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Гуфта мешавад, сангу лойқа қитъаи роҳи мошингарди Ваҳдат - Лахш - Саритошро аз километри 250 то 253 юм баста, барои тозакунии роҳ техникаи махсус сафарбар шуд ва айни замон ҳаракати воситаҳои наклиёт дар ин қитъа пурра барқарор шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон Комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои муайян кардани ҳаҷми зиён дар маҳалли ҳодиса машғули кор аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.