Ҳаҷми умумии зарари расида аз сӯхтор дар бозори «Султони Кабир» 3,5 млн. сомониро ташкил дод, хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ. Ӯ таъкид дошт, ки дар бораи аз ин миқдори умумӣ чӣ қадар зиён расиданаш ба соҳибкорон маълумот надоранд.
Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон дар маҳалли сӯхтор кори гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ идома дорад. Муайн карда шудааст, ки сӯхтор бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ сар задааст.
Ёдрас мекунем, ки сӯхтор шоми рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар табақаи якуми бинои 6 - ошёнаи Маркази савдо ба вуқӯъ пайваста, масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа ба анборҳо ва 21 адад дӯкону мағозаҳо зарари моддӣ расонда шуд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Сӯхтор соати 20:30 дақиқаи шом оғоз гардида, соати 00:15 дақиқа хомӯш карда шуд. Ба хомӯш кардани сӯхтор 100 адад техникаи махсус ва ёридиҳанда, ҳамчунин беш аз 3 ҳазор нафар кормандони хадамоти таъҷилии ҷумҳурӣ сафарбар шуданд.
Баъди сӯхтор раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дстур дод, ки сабабҳои сар задани сӯхтор муайян ва ба осебдидагон кумак расонида шавад.
Аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки Рустами Эмомалӣ ба директори бозор Султон Кабиров дастур додааст, ки тамоми зарари расида ба соҳибкорон аз ҳисоби фоидаи бозор барқарор карда шавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста