Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳодисаи истифода аз корд зимни муноқишаҳо ба қайд гирифта шуда, як ҷавонзан ҳалок ва ҷавони дигар дар бемористон бистарӣ шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ноҳияи Ҳамадонӣ кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қатли ҳамсари 32 солаи худ марди 42-солаи сокини маҳаллиро боздошт намуданд.

«Мард дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқиша бо ҳамсари 32-солааш ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 11-маротиба ба узвҳои баданаш задааст, ки дар натиҷа, ҳамсараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», - омадааст дар хабар ВКД.

Гуфта мешавад, ҳамон рӯз марди 22-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур дар кӯчаи Ҳусейнзодаи пойтахт аз сабаби хусумати шахсӣ бо марди 23-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоев аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд ба рони пояш задааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.