Бар асари таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории воқеъ дар роҳи мошингарди Хуҷанд - Конибодом ду нафар осеб диданд.

Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар рӯ ба рӯи ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, наздикии деҳаи Жаштик ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, сӯхтор тахминан соати 20:31 дақиқаи вақти маҳаллӣ сар зада, тибқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор дар натиҷаи таркиш дар автомашина ба амал омадааст, ки тариқи он гази моеъ ҳамлу нақл мешавад.

Сӯхтор нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва биноҳои гирду атрофи онро комилан нобуд кард. Нуқтаи фурӯши сӯзишвории мазкур ба шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад.

Ба хомӯш кардани сӯхтор 1 автомашинаи хадамоти оташнишонии Қирғизистон ва 2 автомашинаи оташнишонони Тоҷикистон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳарду кишвар, дастаҳои ёрии таъҷилии тиббии кишварҳо сафарбар шуданд.

Миёни ҷабрдидагон шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур дорад. Дар мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ӯро ба бемористони ноҳияи Ҷаббор Ғафуров бурдаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.