Тайи рӯзҳои 7-8-уми июли соли равон, дар манотиқи ҷумҳурӣ 6 садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуда, 7 нафар ба ҳалокат расида, якчанд нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин ба саломатиашон бардоштаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷиистон, 7-уми июли соли 2018, тахминан соати 01:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Сафаров Наҷмиддин Раҷабович, соли таваллудаш 1992, сокини ш.Норак, ҳангоми ҳаракат аз самти ш. Кӯлоб ба самти ш. Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони н.Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ, ба девори нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Салимов Анҷуман Ҳалимович, соли таваллудаш 1988, сокини ш.Норак, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Худи ронанда, Сафаров Н.Р. ва мусофири дигари автомашина Маҳмудов Илҳом Акмалиддинович, соли таваллудаш 1985, сокини ш.Норак, ҷароҳатҳои гуногунӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

7-уми июли соли 2018, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер», Қобилов Муҳсинҷон Мирсабурович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Унчии н.Б.Ғафуров, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Расулова Умеда Солибоевна, соли таваллудаш 2009, хонандаи синфи 2-юми Гимназияи ба номи “Арбоб”-ро, ки аз тарафи чап ба тарафи рости роҳ мегузашт, пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, Расулова У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беорхонаи ш.Хуҷанд ба ҳалокат расидааст.

8-уми июли соли 2018, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Раҳимбоев Юсуфҷон Яқубҷонович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Ғафуров-Овчи-Қалъача” бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Ҷумъаев Абдураҳим Абдумаликович, соли таваллудаш 2010, хонандаи синфи 1-уми МТМУ №8-ро, ки аз тарафи чап ба самти муқобили роҳ мегузашт, пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

7-уми июли соли 2018, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Мардонов Ҷамшед Раҳмуддинович, соли таваллудаш 1994, сокини н.Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти ш.Ваҳдат, дар ҳудуди н.Рӯдакӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ, Бобомуродов Эмоммаҳдӣ Боевич, соли таваллудаш 2003, сокини деҳаи Роҳатии ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ, ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

8-уми июли соли 2018, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Толибов Ҷура Давлатшоевич, соли таваллудаш 1964, сокини н.Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти ш.Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, дар ҳудуди н.Хуросон, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Рауфов Сайриддин Бегиҷонович, соли таваллудаш 1984, сокини ш.Ҳисор, бармехӯрад.

Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Саидов Сафар, соли таваллудаш 1941 ва Ҳалимова Фазила Ташрифовна, соли таваллудаш 1952, сокинони н.Восеъ, ба саломатиашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд.

Хурдсол Сафарова Оиша Мирзоевна, соли таваллудаш 2013, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ мегардад.

8-уми июли соли 2018, тахминан соати 22:00-дақиқа, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Шевролет”, Азимов Ҳамдамқул Ҳамроқулович, соли таваллудаш 1991, зода ва истиқоматкунандаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вилояти Самарқанд, ҳангоми ҳаракат аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 54-ум километри ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба дарёи Варзоб чаппа намудааст.

Барои дарёфт намудани шаҳрванд Азимов Ҳ.Ҳ. чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома дорад.