Дилшод Нарзуллозода, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД, аз ҷониби Диловар Гулови 26-сола, писари собиқ вазири энергетика шоми рӯзи 8 июл мавриди лату кӯб қарор гирифт.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои тиббии ҷумҳурӣ хабар дод, ӯ бо ҷароҳатҳои сатҳи миёна ба Маркази миллии тиббӣ оварда шуда, айни замон дар ин ҷо муолиҷа мегирад.
«Бинии афсари милитсия шикаста, косахонаи сар ва манаҳаш ҷароҳат гирифтааст ва дар бораи рухсатӣ шудани ӯ аз бемористон алҳол сухан гуфтан барвақт аст», - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи як манбаи «Азия-Плюс» дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муноқиша байни афсари милитсия ва Диловар Гулов шоми рӯзи 8 июл дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайвастааст.
«Ҳарду ҳам сари чанбараки автомашина будаанд, афсари милитсия мошинро боздошта, ба Гулов эрод мегирад, ки ӯ барои ҳаракати ронандагони дигар монеъа эҷод карда истодааст ва барои ин эродаш лату кӯб мешавад», - қайд кард манбаъ.
Аз замони содир шудани ҷиноят аллакай се рӯз сипарӣ шуд, лекин ВКД Тоҷикистон хомӯшӣ ихтиёр намуда, аз рӯи ин ҳодиса ягон маълумоти расмӣ намедиҳад, ки ба ҳар гуна овозаҳо дар ҷомеа боис мегардад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста