Додситонии шаҳри Конибодом ба таҳқиқи худкушии як зану шавҳар оғоз кардааст, ки гӯё ба сабаби “бокира” набудани духтарашон қасди ҷони худ кардаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба як манбаъ аз додситонии шаҳр, ҳодиса рӯзи 14-уми июл рух додааст. Мақомот гуфтаанд, Муродҷон Ғаниев, сокини ҷамоати Пӯлодони шаҳри Конибодом, худро шаби 13 ба 14-уми июл дар хона овехтааст.

Субҳи ҳамон рӯз ҳамсари ӯ, Шоирахон Ғаниева ҳамроҳ бо духтари 19-солааш аз хона берун омада ва бо таксӣ ба соҳили канали Фарғона рафтаанд, то худро ба об андозанд. Дадохон Солиев раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Сари Кӯй гуфтааст, соати 4-и бомдоди 14 июл Шоира Ғаниева ба қасди худкушӣ назди канали Конибодом ҳозир мешаванд.

Нахуст, модараш худро ба канал андохта, вале духтар ҷуръат намекунад худро ба об партояд. Чун ҳодиса дар наздикии истгоҳи таксӣ ҷараён мегирад, ронандаҳои таксӣ, монеи худкушии духтар мешаванд. Зану шавҳар 42-сола будаанд.

Манбаъ дар додситонӣ гуфт, ки сабабҳои аслии худкуширо таҳқиқ мекунанд, вале аз гуфтани фарзияҳои қасд ба ҷони худ кардани аҳли як хонавода худдорӣ кард. Онҳо мегӯянд, ки ягона шоҳиди фоҷиа духтари хонавода ҳолати бади равонӣ дорад ва дар вазъе нест, ки ба суолҳои муфаттишон ҷавоб дода тавонанд.

Аюбҷон Тоҳиров, як масъули ҷамоати Пӯлодон гуфтааст, ки зану шавҳарро рӯзи 16-уми июл дафн кардаанд. Ӯ гуфт, аз ҷузъиёти ҳодиса хабар надорад, вале медонад, ки духтари ин хонавода бояд рӯзи 13-уми август издивоҷ мекард ва ба ҷашни арӯсӣ омодагӣ мегирифт. Домод дар Русия будааст.

Айни замон Маҳмуди Ашӯрмаҳмад, хабарнигор аз Конибодом дар Фейсбук навиштааст, ки ин хонавода аз ҷамоати Пӯлодон гӯё ба он сабаб қасди ҷони худ кардаанд, ки “ташхиси қабл аз издивоҷ нишон додааст, ки духтари 19-солаашон бокира нест.”