Ронандаи автомашинаи Daewoo Nexia Муҳаммадраҷаб Латифов рӯзи 17 июл ҳангоми ҳарракат дар роҳи қаламрави ноҳияи Панҷ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо автомашинааш пиёдагардон - Шамсия Холоваи 26-сола ва писари 4-солаи ӯ Камолиддин Аслоновро пахш намуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, бар асари ин ҳодиса Камолиддини хурдсол аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва модараш бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемристон бистарӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел санҷишу таҳқиқ ҷараён дорад.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли гузашта дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 1303 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо беш аз 430 нафар шаҳрвандон ҳалок ва 1400 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.