Муддати 2 рӯз – 22-23 июл дар дарёҳои Тоҷикистон 2 нафар ғарқ шуд, ки яке аз онҳо ҷавони 18-сола ва дигарӣ хонандаи мактаб мебошад.

Бино ба маълумоти дафтари матботи ВКД Тоҷикистон, нимаи дуюми рӯзи 22-юми июл писарбачаи 14-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, хонандаи синфи 6 ҳангоми дар лаби дарёи деҳаи Калтачинори ноҳияи Балҷувон оббозӣ карданаш аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, бегоҳи рӯзи дигар ҷавонписари 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак ҳангоми оббозӣ намудан дар дарёи Вахш, воқеъ дар деҳаи Сари-гузари шаҳри мазкур аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Дар ин робита ВКД Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки зимни оббозӣ дар рӯду дарё ва ҳавзу обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намуда, фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз оғози сол дар рӯду дарё ва ҳавзу обанборҳои ҷумҳурӣ 69 нафр ғарқ шуданд, ки 26 нафарашон кӯдакону наврасони синни то 16-сола мебошанд.

Сабаби ин ҳодисаҳоро Кумита маҳз беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ унвон мекунад. Макони ғарқшавии ин шахсон асосан ҷойҳои барои оббозӣ манъ ва дар баъзе ҷойҳо қатъиян манъ аст.

Хотиррасон мекунем, ки дар зимни ба ҳолатҳои фавкулода ва ғайримунтазира афтодан, ба телефонҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода – 223-13-11 ё рақами кӯтоҳи 112 муроҷиат кардан зарур аст!

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.