Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ рӯзи дуюм аст, ки дар кӯли “Мехкарер”, воқеъ дар маҳаллаи “Гипрозем” ҷасади ҷавонзанро ҷустуҷӯ доранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумита хабар дод, ғаввосон (водолазҳо) имрӯз то ба чуқурии 16 метр дар об поин фаромада, вале ҷустуҷӯҳо то ҳол натиҷа надодааст.

Бино ба маълумоти Кумита, сокини пойтахт, ҷавонзани 23-24-сола нимаи рӯзи 12 август дар кӯл ғарқ шудаааст.

“Ҷавони ҳамроҳаш ба зан кумак карда натавониста, худаш низ бо як азобе худро аз об берун гирифтааст”, - гуфт манбаъ ва илова намуд, ки ҷустуҷӯи ҷасад идома дорад.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, аз оғози сол дар наҳру кӯл ва дарёву обанборҳои Тоҷикистон беш аз 70 нафар ғарқ шудаанд, ки синни 26 нафари онҳо то 16-сола мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.