Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Хуросон кӯдаки 3-сола ба ҳалокат расид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи Daewoo Cielo Фазлиддин Иноятови 31-сола, сокини ҳамин ноҳия зимни ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба Душанбе дар қаламрави ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, Рамазон Воҳидови ноболиғро пахш мекунад.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, ноболиғ Рамазон Воҳидов зарари вазнин ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.

Зимнан зикр мегардад, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли гузашта дар роҳҳои кишвар 1303 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, беш аз 430 нафаршаҳрвандон ҳалок ва 1400 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.