Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи садамаи чархбол дар кӯҳ маълумоти расмӣ нашр кард.

Дар маълумот қайд мешавад, ки бар асари рӯйдоди баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе дар поёноби пиряхи Фортамбек  ду нафар аз сарнишинони чархбол аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва се нафар кӯнавардон аз ҷумлаи шаҳрвандони Федератсияи Русия ба ҳалокат расидаанд. 12 кӯҳнавард ва яке аз сарнишинони чархбол бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шуданд.

Гуфта мешавад, соати 16:30 рӯзи 12-уми августи соли 2018 ҳангоми интиқоли кӯҳнавардоне, ки қуллаи Исмоили Сомониро фатҳ крада буданд, дар поёноби пиряхи Фортамбек дар баландии 4500 метр чархболи Ми-8 изтирорӣ ба замин нишаст. Ҳангоми парвоз дар чархбол 15 нафар кӯҳнавардон – 13 нафар шаҳрвандони Федератсияи Русия, 1 шаҳрванди Белорус ва як шаҳрванди Испания, ҳамчунин 3 халабон ҳузур доштанд.

«Барои дақиқан муайян кардани ҳолати пешомада аз ҳисоби роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВКД, КДАМ, Вазорати мудофиа, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар Комиссияи давлатӣ созмон дода шуд. Ҷараёни амалиёт зери назорати шахсии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд», - омадааст дар маълумоти Кумита.

Тасмим гирифта шуд, ки барои наҷоти одамон ба ҷойи ҳодиса се чархбол бо наҷотдиҳандагон ва кормандони тиб фиристода шавад ва субҳи рӯзи 13-уми август ин се чархбол ба ноҳияи Лахш парвоз карданд. Ситоди фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар фурудгоҳҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Лахш созмон дода шуд.

Рӯзи 13-уми августи соли 2018 соати 11:00 бо вақти маҳаллӣ бо кӯҳнавардон иртибот барқарор карда шуд, ҷойи будубоши онҳо ва маҳалли суқути чархбол дақиқ гардид.

Барои интиқоли зарардидагони офат аз фурудгоҳи Лахш се чархбол бо наҷотдиҳандагон ва кормандони тиб парвоз карданд. Вақте ба ҷойи ҳодиса расиданд, муайян шуд, ки мутаассифона ду нафар аз сарнишинони чархбол аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва се нафар кӯнавардон аз ҷумлаи шаҳрвандони Федератсияи Русия бар асари ин фоҷеа ба ҳалокат расидаанд.

Ба кӯҳнавардони боқимонда ва халабони дигар, ки дар ин садама захмҳои гуногун бардоштанд, кумакҳои тиббӣ расонда мешаванд. Ҳамаи онҳо дар айни замон аз ҷойи офат ба макони амн интиқол дода шудаанд.

Тибқи маълумоти аввалия ва нишондоди халабон сабаби ин фоҷеаи мудҳиш номусоидии боду ҳаво-шамоли сахт буд, ки дидани пеши роҳро ба мушкил рӯ ба рӯ карда буд.

Дар бораи ҳодиса ва ҷараёни баргузории амалиёти наҷоти кӯҳнавардон Сафоратҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Белорус ва Испания дар Тоҷикистон, ҳамчунин Вазоратҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ва Ҷумҳурии Белорус дар ҷараён гузошта шуданд. 

Зимнан зикр мегардад, ки барои тафтиши сабабҳо ва ҳолатҳои рӯйдод гурӯҳи тафтишотӣ таъсис ёфт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон номи 5 нафари ҳалокшуда бар асари садамаи чархбол дар поёноби пиряхи Фортамбекро нашр кард:

1.Тимур Барабанов, соли таваллудаш 1986

2.Александр Абросимов, соли таваллудаш 1971

3.Руслан Тараканов, соли таваллудаш 1976, ҳарсе шаҳрвандони Русия

4.Саидҷон Қобилов, соли таваллудаш 1967

5.Музаффарҷон Файзуллоев, соли таваллудаш 1947, ҳарду шаҳрвандони Тоҷикистон.

Ҳамчунин дар сомонаи Кумита рӯйхати ҳамаи кӯҳнавардоне, ки замони садама дар ин чархбол ҳузур доштанд, ба нашр расонид:

1.Дубина Виктор соли таваллудаш 1952, шаҳрванди Федератсияи Россия;

2.Барабанов Тимур соли таваллудаш 1986, шаҳрванди Федератсияи Россия - фавтид;

3.Абросимов Александр соли таваллудаш 1971, шаҳрванди Федератсияи Россия - фавтид;

4.Шихов Николай соли таваллудаш 1958, шаҳрванди Белорус;

5.Миронов Сергей соли таваллудаш 1964, шаҳрванди Федератсияи Россия;

6.Родыген Андрей соли таваллудаш 1980, шаҳрванди Федератсияи Россия;

7.Матвеев Сергей соли таваллудаш 1977, шаҳрванди Федератсияи Россия;

8.Тараканов Руслан соли таваллудаш 1976, шаҳрванди Федератсияи Россия - фавтид;

9.Соболенко Александр соли таваллудаш 1970, шаҳрванди Федератсияи Россия;

10.Кумшаев Дмитрий соли таваллудаш 1964, шаҳрванди Федератсияи Россия;

11.Горбатюк Татьяна соли таваллудаш 1969, шаҳрванди Федератсияи Россия;

12.Труш Вячеслав соли таваллудаш 1974, шаҳрванди Федератсияи Россия;

13.Роберто Родриго соли таваллудаш 1969, шаҳрванди Испания;

14.Шубин Павел соли таваллудаш 1965, шаҳрванди Федератсияи Россия;

15.Фейгина Юлия соли таваллудаш 1976, шаҳрванди Федератсияи Россия.