Ронандаи автомашинаи тамғаи Opel Фаридун Балхиеви 38-сола нимаи рӯзи 22 август ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Ховалинг – Восеъ дар қаламрави деҳаи Дороб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарахт бармехӯрад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа мусофирони дохили автомашина: модари ронанда, Суфиева Моҳҷонбии 68-сола ва ҳамсараш Лаълимои Қосимхӯҷаи 27-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, худи ронанда ва духтари бародараш, ноболиғ, Балхиева Меҳронаи 12-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки як рӯз пеш аз Иди Қурбон дар ҳамин роҳ ронандаи автомашинаи тамғаи Opel Astra Маҳмадулло Шарифов Сорбон Насимҷони 10-соларо бо автомашина пахш карда буд, ки дар натиҷа писарчаи ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.