Дар назди дафтари кории Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Душанбе гирдиҳамойӣ доир гардид.

Дар тазоҳурот асосан ҷавонон ҳузур доштанд, ки ба иштироки раиси Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва дигар мухолифини ҳукумати Тоҷикистон дар конфронси САҲА изҳори норозигӣ карданд. Намояндагони САҲА аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзиданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, соатҳои 9 субҳи 7 сентябр дар назди дафтари барномавии САҲА дар Душанбе даҳҳо нафар бо шиору навиштаҷот ҷамъ омада, зидди нишасти ҳуқуқи башари ин созмон дар Варшава ва ширкати мухолифони тоҷик дар ин ҳамоиш шиор партофтанд. Шумори ин нафарон эҳтимолан дар ҳудуди 100 нафар буд ва дар миёни онҳо ҳам ҷавонон ва ҳам занони миёнасол буданд.

Гуфта мешавад, Гулчеҳра Шодмонова, модари гумонбари ташкили ҳамла ба туристони хориҷӣ Ҳусейн Абдусамадов ба нишони эътироз аз ширкати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава дар ба сараш моеи монанд ба бензин рехта, худро оташ заданӣ шуд, вале кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин монеъ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, сарёвар оид ба масоили робита бо ВАО ва ҷомеаи САҲА Мунира Шоинбекова гуфт, “нисбати тазоҳурот, ки субҳи имрӯз дар назди дафтари кории мо гузаронида шуд, мо ҳеҷ шарҳу тавзеҳе надорем”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.