Дар Варшава рӯзи 11 сентябр назди даромадгоҳи бинои баргузории ҷаласаи ҳамасолаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) намояндагони ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бо фаъолони мухолифини тоҷик ҷанчолу муноқиша карданд.

Ҳодиса нимаи рӯзи дуюми конфронс, замоне ба вуқӯъ пайваст, ки аъзои ҳайати ҳукумати Тоҷикистон бинои баргузории ҷаласаро тарк мекарданд. Бино ба иттилои РИА Новости, намояндаи мухолифини тоҷик Сулаймони Орзу (Сулаймон Орзуев) бо узви ҳайати расмӣ ва собиқ узви Ҳизби наҳзати исломӣ Айёмиддин Сатторов суҳбат ва бо ӯ аксбардорӣ карданӣ шуда, лекин ин вақт намояндаи Душанбе ба рӯи ӯ бо мушт зарба мезанад.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили “Ахбор”, вақте Мулло Аёмиддин аз дари бино берун шуд, Сулаймон Орзуев ба дасти ӯ шиори "Озодӣ ба маҳбусони сиёсии Тоҷикистон!”-ро дод, то бо ин шиор аксаш бигирад. Мулло Аёмиддин шиорро ба даст гирифт, вале дар ин асно як ҷавонмарди дар тан костюм ва дар гардан галстук шиорро аз дасти Мулло Аёмиддин гирифт ва пора кард. Сулаймон Орзуев бо ин мард вориди баҳс шуд, вале дар ин лаҳза як ҷавонмарди дигари низ костюму галстукпӯш ба таври ногаҳонӣ бо мушт ба рӯи вай зад.

Гуфта мешавад, ин мард ҳамин тавр дар ҷараёни радду бадал Вайсиддин Одинаевро бо лагад зад ва ба сари Шӯҳрати Раҳматулло, хабарнигори "Паём”, ки ин ҷараёнро навор мегирифт, давид.

Сулаймон Орзуев ба як масъули анҷумани САҲА муроҷиат кард, ки ӯро заданд. Он ду ҷавонмард баъди ин муноқиша ба тарафи мошини ҳайъати расмии ҳукумат рафтанд. Фаъолони мухолифин онҳоро то мошин дунбол гирифтанд ва аз марде, ки занозанӣ кард, талаб мекарданд, ки аз мошин фарояд. Дар охир яке аз фаъолони оппозитсия машварат дод, ки монеи ҳаракати мошини ҳайъати ҳукумат нашаванд, чунки "пулис худаш ҳама чиро ҳал мекунад.”

Ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор мегирад

Рустам Азизӣ, муовини раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфтааст, Масъули БДИПЧ дар ҷаласа аз ҳайати ҳукумат узр хост. Айни замон ҳодисаро мақомоти пулис Лаҳистон (Полша) тафтиш мекунад.

Ингиборг Солрун Гисладоттир, мудири Дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА дар оғози ҷаласаи шомгоҳии анҷумани ин созмон дар Варшава занозании байни намояндагони ҳукумат ва оппозитсияи тоҷикро маҳкум ва гуфтааст, ки иштирокчиёни ин моҷароро то замони бозрасии пулис аз ҳаққи ширкат дар анҷуман маҳрум кардаанд, иттилоъ медиҳад “Ахбор”.

Хонум Гисладоттир чунин амалҳои пархошҷӯёнаро чӣ дар дохил ва чӣ дар беруни бинои анҷуман ғайри қобили қабул ва сазовори маҳкумият номид.

Тибқи маълумоти чанде аз ВАО, шахсе, ки ба фаъолони мухолифин бо мушту лагад дарафтод, мушовири сафири Тоҷикистон дар Берлин Мурод Саидзода мебошад, ки масъули масоили робитаҳои иқтисодӣ ва муносибатҳо бо Чехия ва Лаҳистон аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.