Кормандони милитсия марди 35-солаи сокини кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, шоми рӯзи 29 сентябр ҳангоми дар хонаи истиқоматиашон дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш бо сабаби ба миён омадани муноқишаи оилавӣ ӯ бо модараш, зани 62-сола ҷангу ҷанҷол мекунад.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни муноқиша ӯ бо корди ошхонагии дасташ як маротиба ба шикам ва як маротибаи дигар ба гардани модараш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки далели шайъӣ 1-адад корд гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.