Сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон полковник Фахриддин Собиров рӯзи 13 октябр бо осори захму зарб дар косахонаи сару асаб ба Маркази милии тиббии Тоҷикистон (Қарияи Боло) оварда шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ хабар дод.

Фахриддин Собировро роҳгузарон дар мавзеи назди телевизиони “Сафина” беҳуш дарёфта, мошини ёри таъҷилии тиббиро даъват мекунанд, ки ӯро ба бемористон мебарад.

Як нафар ё афроди ношиносе бо олоти сахте ба қисмати сари ӯ зарба задаанд. Табибон изҳор доштаанд, ки бар асари ин зарба Собиров ба хунравии мағзӣ дучор шуда, ӯ мавриди ҷарроҳии вазнин қарор гирифтааст.

Баъди ҷарроҳӣ табибон ба ҳамкорони Собиров хабар додаанд, ки вазъи ӯ вазнин боқӣ мемонад, вале ба гуфтаи навбатдори Хадамоти гумрук, субҳи имрӯз умедворӣ пайдо шудааст, ки вазъи солимии полковник рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Ин ҳодиса мавриди тафтиши мақомоти милитсия қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.