Ҷавонзани 22-солаи тоҷик, ки барои адои маросими ҳаҷҷи умра ба Макка рафта буд, худро аз ошёнаи 13-уми меҳмонхонаи назди масчиди Ал-Ҳарами ин шаҳр ба замин партофт.

Дар Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” ин далели худкуширо тасдиқ намуда, изҳор дошанд, ки ин ҷавонзан сокини шаҳри Душанбе Моҳира Мансурова мебошад.

“Ӯ ҳамроҳи шавҳару бародар ва ҳамсари бародараш барои адои маросими ҳаҷҷи умра рафт. Зимни муоинаи тиббии пеш аз сафар ба ҳаҷ дар ӯ бемориҳои рӯҳӣ ва дигар касалиҳо ошкор нашуда буд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи Кумитаи дин Афшин Муқим.

Ба гуфтаи ӯ, волидони ҷавонзан дар ниҳояти кор иқрор шудаанд, ки ӯ бемории рӯҳӣ дошта, баъзан он шиддат мегирифтааст, лекин духтарашон бисёр хоҳиши ҳаҷ карданро доштаааст ва онҳо хоҳиши ӯро рад карда натавониста, бемории ӯро пинҳон нигоҳ доштаанд.

Маҳз бо ҳамин сабаб, ба қавли Афшин Муқим, онҳо шавҳару бародар бо ҳамсарашро ҳамроҳи ӯ ба ҳаҷ фиристодаанд, то ки ӯро назорату нигоҳубин кунанд.

“Рӯзи 21 октябр пеш аз намози шом Моҳира ба ҳамсари бародараш мегӯяд, ки барои таҳорат ба яке аз ҳуҷраҳои назди масчид меравад. Тавре камераҳои мушоҳидаи видео нишон медиҳанд, соати 18:19 ӯ аз масчид баромада, ба ҳуҷраи худ дар ошёнаи 13-уми меҳмонхона меравад ва баъди чанд дақиқа худро аз тирезаи он ба берун мепартояд”, - хабар дод Афшин Муқим.

Зимнан зикр гардид, ки волидони Моҳира ҳуҷҷатеро ба таври нотариалӣ тасдиқ кардаанд, ки дар он ҳеҷ касеро дар марги духтарашон гунаҳкор намедонанд ва розигӣ додаанд, ки ҷасади Моҳира дар сарзамини муқаддас дар Арабистони Саудӣ ба хок супурда шавад.

Қобили зикр аст, ки ба корҳои фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ба адои маросими ҳаҷҷи умра ду ширкат – “Расул” ва ҶДММ “Ормон” машғуланд.

Ҳаҷҷи умра адои маросими хурди зиёрати Макка буда, на дар рӯзҳои таъиншуда барои ҳаҷҷи фарз, балки дар ҳама гуна вақти дигар иҷро мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.