“Ӯ ҳеч гоҳ бемор нашуда, ягон дардаш ҳам хурӯҷу шиддат намегирифт. Ягон дору ё ҳаб истеъмол намекард, ки чунин натиҷаву таъсир расонад. Дар қайди беморхонаи каслиҳои рӯҳӣ набуд”, - хабар дод дар мактуб ба “Азия-Плюс” Иброҳим Мансуров, ки худро бародари ҷавонзани фавтида Моҳира Мансурова меномад.

Бино ба гуфтаи ӯ, Моҳира ҳеч гоҳ гирифтори каслиҳои рӯҳӣ набуда, умуман беморие надошт ва танҳо пеш аз тӯйи арӯсӣ оид ба хориҷ кардани варами кӯррӯдааш (аппендицит) ҷарроҳӣ шуд”, - менависад ӯ.

Дар нома ӯ изҳори итминон кардааст, ки ҷавонзани 22-сола ба худкушӣ даст зада наметавонист, зеро барои оянда нақшаҳои зиёде дошт.

“Пеш аз тӯяш мо хеле самимона гуфтугӯ кардем. Ӯ аз нақшаҳои худ маро огоҳ кард. Моҳира дар курси панҷуми факултаи дорусозии Донишгоҳи миллӣ таҳсил мекард. Баъди хатми донишгоҳ дорухона кушода, ба марлум нияти кумак карданро дошт”, - мегӯяд Мансуров.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи 20 октябри соли 2018 тариқи алоқаи видеоӣ бо хоҳараш сузбат кардааст, ки бо шавҳар ва бародараш ба ҳаҷ рафта буданд: “Ӯ ғамгин буд”.

Моҳира Мансурова ва шавҳараш Самадҷон Ҳалимов дар Макка ду рӯз пеш аз фоҷеа
Манбаъ: Иброҳим Мансуров

“Ман пурсидам, ки бо ту чӣ шуд? Ӯ чизеро пинҳон мекард, танщо гуфт, ки ҳаво хеле гарм аст. Ман то 23 октябр дар бораи ин ҳодиса чизеро намедонистам, ба ман волидонам бо телефон хабар доданд. То ҳол тариқи телефон бо язнаву бародари ӯ тамос гирифта наметавонам”, - мегӯяд бародари ҷавонзани фавтида.

Мансур намефаҳмад, ки чаро язна ва бародараш аз ӯ дурӣ меҷӯянд, ба зангҳои телефонӣ ҷавоб надода, ҳақиқати фоҷеаро пинҳон медоранд.

Манбаъ: Иброҳим Мансуров

Ба қавли ӯ, падари домод ҳамсояи хуби падараш аст ва гӯё барои ҳамин волидони ҳарду тараф намехоҳанд, ки ҷузъиёти ҳодиса ҳамаҷониба таҳқиқ шавад.

“Волидони ӯ падару молдари маро илтиҷо кардаанд, ки ҳаёти боз як нафри дигарро насӯзонед. Волидони ман бошанд, нахостаанд, ки боз як каси дигар ҷабру азият кашад, зеро дар чунин фикранд, ки як фоҷеа ҳам алҳол кофист”, - навиштааст ӯ, аммо ин ҷо чиро дар назар дорад, шарҳ намедиҳад.

Иброҳим хабар медиҳад, ки хоҳараш Моҳира Мансурова 26 августи соли равон ба Самадҷон Ҳалимов ба шавҳар баромад. Ба адои сафари ҳаҷ модари Самадҷон исрор варзидааст.

Манбаъ: Иброҳим Мансуров

“Бо ин роҳ модараш мехост, ки ӯ роҳи дурустро интихоб намояд. Ӯ ба писари худ бовар надошт, аз ин рӯ, бо оилаи ҷавон бародари калонии Самадҷон – Собирҷонро ҳамроҳ фиристод, то ки ӯро назорат кунад”, - мегӯяд Иброҳим Мансуров.

Дарвоқеъ ҳам дар Макка чӣ ҳодиса рух доданро бародари Моҳира намедонад.

Ёдрас мекунем, ки ҷавонзани 22-солаи тоҷик, ки барои адои маросими ҳаҷҷи умра ба Макка рафта буд, рӯзи 21 окятбри соли ҷорӣ худро аз ошёнаи 13-уми меҳмонхонаи назди масҷиди Ал-Ҳарами ин шаҳр ба замин партофт.

Дар Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки ин худкушӣ буда, ҷавонзан ба бемории рӯҳӣ гирифтор будааст.

Манбаъ: Иброҳим Мансуров

Сухангӯи Кумита Афшин Муқим изҳор дошт, ки волидони ҷавонзан дар ниҳояти кор иқрор шудаанд, ки ӯ бемории рӯҳӣ дошта, баъзан он шиддат мегирифтааст, лекин духтарашон бисёр хоҳиши ҳаҷ карданро доштаааст ва онҳо хоҳиши ӯро рад карда натавониста, бемории ӯро пинҳон нигоҳ доштаанд.

Маҳз бо ҳамин сабаб, ба қавли Афшин Муқим, онҳо шавҳару бародари ӯ ва Моҳираро ҳамроҳ ба ҳаҷ фиристодаанд, то ки ӯро назорату нигоҳубин кунанд.

Зимнан зикр гардида буд, ки волидони Моҳира ҳуҷҷатеро ба таври нотариалӣ тасдиқ кардаанд, ки дар он ҳеҷ касеро дар марги духтарашон гунаҳкор намедонанд ва розигӣ додаанд, ки ҷасади Моҳира дар сарзамини муқаддас дар Арабистони Саудӣ ба хок супурда шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.