Тибқи гузоришҳо аз Афғонистон, як чархболи низомӣ субҳи чаҳоршанбеи 31-уми октябр дар вилояти Фароҳ воқеъ дар ғарби он кишвар, суқут кардааст. Гуфта мешавад, ки шуморе аз мақомҳои баландпояи давлатӣ ва низомӣ дар ин чархбол ҳузур доштаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Нурулҳаққ Холиқӣ, сухангӯи нерӯҳои пиёда дар вилояти Фароҳ суқути ин чархболро тайъид карда, гуфтааст, ки дар ин чархбол раиси Шӯрои вилояти Фарид Бахтовар ва ҳудуди 20 тан аз мақомҳои дигари ин вилоят ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи оқои Холиқӣ, ин чархбол ба тарафи Ҳирот дар ҳаракат буд ва дар минтақаи Анордара бар асари номусоидии боду ҳаво бо як кӯҳ бархӯрда ва ба садама дучор шудааст. То ба ҳол дар мавриди вазъи саломатии сарнишинони ин чархбол чизе гуфта нашудааст.

Гуфта мешавад, ки дар миёни кушташудаҳо афроди баландояи низомӣ ва мулкӣ ҳастанд. Номҳо ва мансабҳои ҷонбохтагони ин ҳодиса то ба ҳол ба таври эълон нашудааст. Аммо гуфта мешавад, ки як зани узви Шӯрои вилояти Фароҳ низ дар миёни ҷонбохтагони ин ҳодиса ҳаст.

Аз тарафи дигар, гурӯҳи Толибон бо нашри як эъломия иддао кардааст, ки як чархболи нерӯҳои афғонро дар минтақаи Анордара сарнагун кард, ки бар асари онҳо шумораи зиёде аз афрод кушта шудаанд.