Бар асари ошӯб дар муассисаи ислоҳии №3/3 дар Хуҷанд тибқи маълумоти гуногун, аз 13 то 20 нафар маҳбусон кушта шудаанд. Ошӯб шоми рӯзи 7 июн рух дода, аз ҷониби нерӯҳои таъиноти махсуси милитсия пахш карда шуд.

Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба як манбаъ дар сохторҳои қудратии вилояти Суғд дар бораи 13 нафар кушташуда дар ин ошӯб иттилоъ медиҳад.

Ҳамсуҳбати хабаргузорӣ гуфтааст, яке аз маҳбусон, узви “Давлати исломӣ” ба силоҳи посбон (автомат) соҳиб шуда, ба тирпарронӣ сӯи нозирогну посбонон шурӯъ намудааст ва маҳбусон яке аз биноҳо (корпус)-и муассисаро тасарруф кардаанд. Аммо исён аз ҷониби нерӯҳои таъиноти махсуси милитсия пахш карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, аз эҳтимол дур нест, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ қурбони тирпарронӣ шуда бошанд.

Як манбаи “Азия-Плюс” дар бемористони вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки шаби 8 ноябр 6 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо захмҳо аз силоҳи оташфишон ба бемористон оварда шудаанд.

“Айни замон вазъи солимии онҳо миёна арзёбӣ шуда, ба ҳаёташон ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад”, - гуфтанд дар бемористон.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин хабар доданд, ки шумори маҳбусони ҳалокшуда зимни ошӯб метавонад то ба 20 нафар расад.

Ба эҳтимоли зиёд будани шумори кушташудагон ин далел низ гувоҳӣ медиҳад, ки дирӯз дар Хуҷанд мардум шоҳиди он будаанд, ки шумори зиёди мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ ба самти маҳаллаи 16-ум, макони ҷойгиршавии муассисаи ислоҳии низомаш сангини 3/3 раҳсипор будаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти расмӣ хомӯширо ихтиёр кардаанд. Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон қаблан хабар дода буданд, ки дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи махсуси тафтишотӣ машғули кор буда, сабабҳои сар задани исён таҳқиқ мешаванд, аммо доир ба ҷузъиёти дигари ҳодиса, аз ҷумла шумори кушташудагон маълумот надоданд.

Тафсилоти хабар мавриди пайгирӣ қарор дорад.