Писарчаи шашсола аз ошёнаи шашуми як бинои истиқоматии шаҳри Маскав ба замин афтода, ҳалок шуд. Дар хона ӯ ҳамроҳи модараш қарор дошт, ки он вақт ба корҳои рӯзгор машғул будааст, менависад Московский комсомолетс.

Зодаи 6-солаи Тоҷикистон 25 октябр ҳамроҳи волидонаш ба минтақаи Маскав омадааст. Оилаи онҳо дар хонаи дуҳуҷрадор дар ҳамсоягӣ бо ҳамдиёронашон зиндагӣ карда, машғули ба расмият дарврадани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандиву корашон будаанд.

Рӯзи 14 ноябр падари хонавода ба кор рафта, модар бо корҳои хонаву рӯзгор машғул будааст. Писарча ноаён аз модар ба пештоқи тиреза мебарояд. Ӯ дастаи тирезаро кашида, ба замин меафтад.

Гуфта мешавад, ҳомиёни ҳуқуқ ҳоло бо волидони кӯдак мулоқот накардаанд, зеро онҳо дар ҳолати хеле шадиди рӯҳафтодагиву озурдагӣ қарор доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.