Дар маракази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иштироки сарҳадбонон садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он чор нафар осеб диданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилоят.

Дар натиҷаи садамаи нақлиёт, ки рӯзи 1 декабр дар мавзеи НБО Помир-1, дар деҳаи Нивак рух додааст, ду нафар, аз ҷумла зани ҳомиладор ба ҳалокат расида, боз ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштаанд.

Ронандаи автомашинаи хизматии тамғаи «Toyota RAV-4»-и сарҳадбонон ба автомашинаи мусофиркаш (маршрутка) бармехӯрад. Дар натиҷа яке аз мусофирзанон аз автомашина ба канал меафтад. “Ҷасади зане, ки ҳомиладор буд, алҳол дарёфт нашудааст. Ҷустуҷӯи ҷасад идома дорад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси ВМКБ.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, боз як мусофирзани дигар низ бар асари бархӯрди автомашинаҳо ба канал афтида, ҷасади ӯро дарёфт кардаанд.

Ронандаи автомашинаи мусофирбар (маршрутка) ва боз як мусофири дигар ҷароҳатҳои взанин бардошта, дар бемористон бистарианд.

Ронандаи автомашинаи "Toyota RAV-4", хизматчии ҳарбии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон боздошт шуда, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.