Шоми 8-уми май, соати 18:00 дар мавзеи сарҳадии Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара муноқишаи сарҳадӣ ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, сабаби муноқиша аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ба тарзи худсарона аз худ кардани 4 гектар замини тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Тоҷикистон тааллуқдошта мебошад.

“Сарҳадчиёни Қирғизистон ба ҷойи он ки аз муноқиша пешгирӣ кунанд, нақши иғвогарона бозида, ба сӯйи шаҳрвандони бесилоҳи Тоҷикистон аз яроқи оташфишон тир холӣ карданд. Дар натиҷа шаҳрвандони Тоҷикистон Фазлиддин Фозилов, соли таваллудаш 1983 ва Айёмиддин Шарифов, соли таваллудаш 1971 сахт захмдор шуданд”, - омадааст дар хабари маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ.

Зикр шудааст, ки дар натиҷаи чораҷӯиҳои ду ҷониб васеъшавии низоъ пешгирӣ карда шуд. Байни сарҳадбонони Тоҷикистону Қирғизистон ва мақомоти ҳокимияти давлатии ҳар ду ҷониб баҳри пурра ба эътидол овардани вазъият гуфтушунид идома дорад.

Дар шаҳрдории Исфара ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки гурӯҳе аз шаҳрвандони Қирғизистон, сокинони маҳаллаи Чеки ноҳияи Боткон ба саҳрои маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ворид шуда, дар масоҳати 60 сотихи қитъаи 4-гектараи замине, ки ба марзи Тоҷикистон тааллуқ дорад, ҷуворимакка кориданд.

“Ин амали худсарона ва ғосибонаи ҳамсояҳо боиси норозигии сокинони маҳаллаи Қуммазор гардида, онҳо монеъи ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони Қирғизистон шуданд, аммо сокинони ноҳияи Боткон ба талаботи онҳо беэътиноӣ карда, муноқишаро оғоз карданд”, - иброз дошт сухангӯйи раиси шаҳри Исфара Иқбол Илёсзода.

Ба қавли ӯ, соати 17:05-и имрӯз нахуст байни сокинони ин ду маҳаллаи наздисарҳадӣ ҷанҷоли лафзӣ сурат гирифта, баъдан ба сангпартойӣ табдил ёфт, ки дар натиҷа як сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Аёмиддин Шарофов, соли таваллудаш 1971 ҷароҳати сахт бардошта, ба беморхонаи шаҳр интиқол дода шуд.

“Аммо дар як фурсати кам зиёда аз 80 нафар сокинони ноҳияи Боткон таҳти пуштибонии наздики 30 сарҳадбон ва 10 милитсионери қирғиз муноқишаро тақвият бахшида, бо истифода аз яроқи шикорӣ ба сӯйи аҳолии бесилоҳи маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара тир кушоданд. Дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон Фазлиддин Фозилов аз яроқи оташфишон ҷароҳати вазнин бардошт ва алҳол дар беморхонаи Исфара ҷарроҳӣ карда мешавад”, - гуфт Илёсзода.

Вай афзуд, ки айни замон раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода ва сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дар мавзеъи муноқиша қарор дошта, бо ҳамтоёни қирғизи худ музокира доранд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории 24.kg бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки низоъ аз масъалаи истифодаи 50 сотих замин дар маҳаллаи Чеки вилояти Ботканд ба амал омадааст. Ин қитъаи марзӣ аломатгузорӣ нашудааст, вале онро амалан ҷониби Қирғизистон истифода мекунад.

“Қариб 30-40 шаҳрванди Қирғизистон ва 30-40 шаҳрванди Тоҷикистон ба сӯйи ҳамдигар санг партофтанд. Дар ҷараёни муноқиша садои тири силоҳи шикорӣ баланд шуд. Бо мақсади роҳ надодан ба авҷгирии низоъ марзбонони Қирғизистон ва Тоҷикистон ба сӯйи ҳаво якчанд тири огоҳӣ кушоданд. Вазъият барои чанд муддат нисбатан ором шуд. Бо аҳолии мавзеъҳои наздимарзии ду ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешуд. Аммо мазбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ногаҳон ба сӯйи марзбонон ва шаҳрвандони Қирғизистон аз миномёт оташ кушоданд”, - хабар додааст 24.kg бо истинод ба ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Тибқи хабари дигари 24.kg, аснои задухӯрди мусаллаҳона 3 марзбони қирғиз маҷруҳ шуданд.