Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷузъиёти ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки субҳи рӯзи 17 август дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рух дод, маълумот дод.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ-ММЗ-554”, Раҷабзода Асҳобиддин Муртазои 24-сола ҳангоми ҳаракат аз самти оромгоҳи деҳаи Бӯстон ба самти деҳаи Навдӣ, дар гардиши роҳи мошингарди “Навдӣ-Бӯстон” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 16-метр чаппа шудааст.

Дар вақти рух додани ҳодисаи садамаи нақлиёт 12 нафар дар автомашина қарор доштаанд, ки аз маросими ҷаноза бармегаштанд.

"Бар асари ин ҳодиса Амриддин Ёқубзодаи 17-сола, Шамсиддин Абдуалимови 19-сола, Расулҷон Нуриддинови 37-сола ва Содиқ Каримови 47-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд”, - омадааст дар хабар.

Боз 8 нафари дигар осебдида дар бемористон бистарианд ва таҳқиқот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.