Соати 16:00-и рӯзи 24 июл дар яке аз қитъаҳои ҶСК “Сохтмони Шӯроб” бар асари партоби ногаҳонии гази CO-CO2 дар кони ангишт таркиш ба амал омад. Дар натиҷа бар асари заҳролудшавии шадид аз газ як нафар осеб дида, ба бемористон бурда шуд, лекин наҷоти ӯ муясссар нагардид, хабар доданд аз раҳбарияти кон.

“Вақти ба берун баромадан аз қитъа коргарон аз газ заҳролуд шуданд. Онҳоро кормандони корхонаи истихроҷи ангишти “Ангишт” ва гурӯҳи ҳарбии дастаи кӯҳии имдодгарон ҳамроҳӣ карданд. Мутаассифона, наҷоти як нафар муяссар нашуд. Маълумот дар бораи ҷароҳат бардоштани якчанд нафар одамон ва бистарӣ шудани онҳо дар бемористон нодуруст аст”, - хабар дод дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” мудири кулли ҶСК “Ангишт” Насим Каримов.

Зикр шуд, ки шахси ҳалокшуда сардори ҳавзаи ангишти “Сохтмони Шӯроб” Абдуманнон Тошбоеви 61-сола мебошад.

“Ӯ ба беморхонаи марказии Исфара бурда шуда, лекин наҷоташ муяссар нагардид. Ӯ бар асари заҳролудшавии шадид аз газ ҳалок шуд”, - хабар дод раҳбарияти кон.

Абдуманнон Тошбоев ҳамсару ду фарзанд дошт. Ба оилаи ӯ аз ҷониби раҳбарияти “Шӯроб” ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт мешавад.

Айни замон дар қитъае, ки дар он таркиш ба амал омад, корҳои барқароркунӣ ҷараён доранд. Шоми ҳамин рӯз кори муқаррарии кон барқарор мешавад.

Кони Шӯроб яке аз калонтарин дар кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар он ангишти бӯр истихроҷ карда мешавад. Нақби чуқуриаш баробар ба 500 метр чуқуртарин кони ангишт дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.