Кормандони милитсияи пойтахт ба гумони даст  доштан дар дуздӣ аз анбори ҶСК “Ноқили Талко” се нафар сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанберо боздошт намуданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, боздоштшудагон аз моҳи март то августи соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ аз дохили корхонаи мазкур 16-адад халтаҳои полиэтилени (резинҳои гранула барои рӯйпуш намудани симҳои ноқилҳои барқӣ)-ро дуздидаанд.

“Зарари расонида ба корхона 231 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят се нафар мардони 37, 33 ва 29-сола боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, яке аз коргарони анбори корхона ба ғоратгарон кумак мекардааст.

Ёдрас мекунем, ки “Ноқили Талко” яке аз даҳ корхонаи фаръии ширкати бузурги металлургияи рангаи Тоҷикистон – ТАЛКО мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.