Субҳи имрӯз, як мошини ҳомили 6 нафар сокини ноҳияи Ишкошим дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Ин мошин ҷасади як зани сокини ноҳияи Ишкошимро аз Душанбе ба ин ноҳия мебурдааст.
То ҳол ҷасади ду нафарро пайдо карда, тақдири чор нафари дигар норавшан аст. Ин фоҷиаро дар суҳбат ба “Азия плюс” раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ Мусо Мирзозода таъйид кард.
Номбурда дар шарҳи ин ҳодисаи мудҳиш гуфт, ки дар мошини тамғаи “Лексус”, ки ба сокини деҳаи Бағуши ноҳияи Ишкошим тааллуқ дошту ба дарё сарозер шуд, ҷасади як зан ҳам буд ва ҳодиса ҳангоми овардани ҷасади зан аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ишкошим рух додааст.
Сабаби ба дарё сарозер шудани мошин то ба ҳол маълум нест.
- Ҳоло тобути зани фавтидаро ҳамроҳ бо ду нафар мусофир дарёфт карданд.Ҷасади онҳо дар ноҳияи Дарвоз аст ва ҷасадҳоро ба ноҳияи Ишкошим интиқол медиҳанд. Ҷустуҷӯи мусофирони дигар то ба ҳол идома дорад,-гуфт раиси ноҳия Мирзозода.
Мавсуф гуфт, ки ҳамаи кормандони масъул ба ҷои ҳодиса сафарбар шудаанд ва ҳодиса зери назорати шахсии раиси ВМКБ ва раисони ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим аст.
- Бо супориши раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҳамаи хадамоти наҷотдиҳӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Кофтуков идома дорад. Ман шахсан бо раиси ноҳияи Дарвоз дар тамос ҳастам. Мардум сафарбар шудааст, раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят дар ҷойи ҳодиса ҳастанд,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
ВАО: Сафорати Тоҷикистон дар Русия доир ба тафтиши ҳамла ба “Крокус” изҳори назар намекунад
Муҳаққиқи тоҷик пешниҳод кард, ки 15 апрел Рӯзи Айнӣ эълон шавад
Ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон дар Твер ба гумони қайди қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус”
Футболбозони ҷавони тоҷик Ҷоми Осиёро бо бохт оғоз карданд
Ҳамаи коргарони “Крокус”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста