Як манбаъи "Азия-Плюс" аз деҳаи Буғуши ноҳияи Ишкошим мегӯяд, ки ҳамаи онҳое, ки ҳангоми интиқоли мурда аз Душанбе дирӯз, бо мошини “Лексус” дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шудаанд, узви як хонавода буданд.

Ба гуфтаи ҳамдеҳаҳои фавтидагон, ҳодиса замоне рух дод, ки сокинони деҳаи Буғуши Ишкошим Нисобегим Муродмамадова ҳамроҳи шавҳараш Тиллобеки Холдорбек, писарашон Вафои Тиллобек ва хоҳарзодааш Руслани Шакар тобути модари Нисобегим - Баҳсбегим Аёмбековаро аз шаҳри Душанбе ба Деҳаи Бағуши ноҳияи Ишкошим мебурданд.

Ронанда ҳам яке аз наздикони узви ин оила- писари амаки Нисобегим Муродмамадова бо номи Шодибек Зераков будааст.

То ба ҳол, ҷасади ду нафар ва тобути зани фавтидаро пайдо кардаанд, вале тақдири се нафари дигар норавшан аст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи дирӯз, як мошини ҳомили 6 нафар сокини ноҳияи Ишкошим дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуда буд. Ин мошин ҷасади як зани сокини ноҳияи Ишкошимро аз Душанбе ба ин ноҳия мебурд. Фоҷиаро дар суҳбат ба “Азия плюс” раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ Мусо Мирзозода таъйид кара буд.

- Ҳоло тобути зани фавтидаро ҳамроҳ бо ду нафар мусофир дарёфт карданд. Ҷустуҷӯи мусофирони дигар то ба ҳол идома дорад,-гуфта буд раиси ноҳия Мирзозода.

Мавсуф гуфт, ки ҳамаи кормандони масъул ба ҷои ҳодиса сафарбар шудаанд ва ҳодиса зери назорати шахсии раиси ВМКБ ва раисони ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим аст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то ба ҳол  ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.