Ронандаи автомашинаи “Опел-Зефира” сокини 63-солаи шаҳри Исфара Ҳомидҷон Ҷалилов ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Кучкак-Исфара-Гулистон» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он ба автомашинаи тамғаи “ГАЗ-33” бармехӯрад.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, автомашинаи тамғаи “ГАЗ-33” таҳти идораи сокини 38-солаи ноҳияи Мастчоҳ Саидаҳмад Партовов қарор доштааст.

“Ронандаи автомашинаи “Опел-Зефира” ва набераи 10-солаи ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд”, - хабар медиҳад Вазорат.

Гуфта мешавад, се мусофири дигар автомашинаи сабукрав – Замира, Заррина ва Аъзамҷон Ҷалоловҳо, инчунин ронадаи автомашинаи боркаш бо ҷароҳатҳои ҷисмонии гуногун дар беморхонабистарӣ шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.