Ҳангоми сӯхтор дар бозори “Баракат”, оташнишонони вилояти Суғд молу маҳсулоти соҳибкоронро ба маблағи 100 млн аз нобудшавӣ эмин нигоҳ доштанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД кишвар хабар медиҳад.

Манбаъ, то ҳол дар бораи сабаби сӯхтор ва зарари умумии он иттилоъ надодааст, танҳо ишора кардааст, ки аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар сохторҳои дахлдор таҳқиқи ҳодиса давом дорад.

Сурат аз корбарони Asia-Plus

Шоми 21-уми октябри соли 2021, дар нуқтаи фурӯши чӯбу тахтаи маркази савдои «Баракат» (ҶДММ «Агрофут»), воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сӯхтор ба амал омад. Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон, сӯхтор дар масоҳати 400 метри мураббаъ паҳн гардида, чӯбу тахтаҳои зери соябонҳоро оташ фаро гирифт.

- Сӯхтори мазкур бо қувваю воситаҳои ҷузъу томҳои Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд дар масоҳати аввалааш бо пуррагӣ хомӯш карда шуда, дигар нуқтаҳо ва биноҳои ёрирасони зери соябонҳо аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шуд,- шарҳ додааст ВКД.

Сурат аз корбарони Asia-Plus

Дирӯз, як манбаъи “Азия - Плюс” аз ВКд хабар дода буд, ки аз сӯхтор дар бозор касе осеб надидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.