Умеда Аҳадова, ҷавондухтари 18-сола, ки рӯзи 23 март бедарак гардида буд, аз шаҳри Норак пайдо гардидааст.  Хуршеда, хоҳарбузурги Умеда дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки хоҳарашро аз шаҳри Норак пайдо намудаанд ва ҳоло дар хона қарор дорад.

Ба гуфтаи Хуршеда баъди нашр гардидани хабар дар мавриди бедарак шудани Умеда дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» ба онҳо як нафар тамос гирифта, дар бораи дар куҷо қарор доштани хоҳарашон маълумот додааст.

«Баъди нашри хабар, занг зада ҷояшро ба мо гуфтанд. Як духтарак дидаст ва то омадани мо нигоҳ доштааст дар хонааш. Худоро шукр соқу саломат аст»,- мегӯяд хоҳараш.

Умедаро наздиконаш шабона ба хона оварданд ва хоҳарбузургаш мегӯяд, ки дақиқан аз ӯ напурсидаанд, ки бо кадом роҳе ба шаҳри Норак рафтааст ва тӯли ин чанд рӯз дар куҷо ба сар бурдааст. 

«Ҳоло напурсидем, чунки шабона овардем хона. Ба ҳамаи нафароне, ки дар кофтукоб кӯмак намуданд ва бетараф  набуданд, изҳори сипос мекунем",-мегӯяд ӯ.

Хотирасон мекунем, ки наздикони ин ҷавондухтари 18-сола барои пайдо намудани Умеда аз мардум кӯмак хоста буданд. Ин ҷавондухтар рӯзи 23-юми март бедарак шуда, кофтукоб ва талошҳои наздиконаш то дирӯз натиҷае надода буд. 
Хуршеда, хоҳарбузурги Умеда  қаблан дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки хоҳараш бемории руҳӣ дорад ва панҷ рӯз мешавад, ки кофтукоби онҳо натиҷае надодааст ва ҳоло намедонанд хоҳараш дар кадом ҳолат ва чӣ шароит ин рӯзҳоро паси сар намуда истодааст. 

Хуршеда қисса кард, ки хоҳараш рӯзи 23-юми март, соати 10 барои партофтани партов, ки дар канори манзили зисташон қарор дорад меравад ва дигар ба хона бар намегардад. Аъзои хонавода баъди каме дертар ҳозир шудани Умеда берун мераванд, вале ӯро пайдо намекунанд. 

Хоҳарбузурги Умеда гуфта буд, ки ба далели бемории руҳи доштани ҳоҳарашон ин бори аввал нест, ки ӯ бедарак мешавад. Ӯ гуфт, ки як маротибаи дигар низ ҳамроҳи бародарзодаи хурдсолаш гум шуда буд, ки баъдан милитсия онҳоро аз шаҳри Ваҳдат пайдо кард. 
Хонаводаи Умеда Аҳадова ҳоло аз тамоми мардум барои дарёфти фарзандашон изҳори миннатдорӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.