Оҷонсии боду ҳавошиносии Тоҷикистон аз идомаи ҳавои номусоид дар кишвар хабар медиҳад. Ба иттилои Оҷонсӣ боронбориҳое, ки дар пай се доранд аз эҳтимол дур нест ва бар пайи боронҳо оби дарёҳо баланд мешавад.

Ҳушдори ин ниҳод дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе бар пайи якбора паст шудани ҳарорати ҳаво дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар борон ба барф табдил шуд. Дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои дигар бар пайи боронгариҳои шадид сел омад.

Аз ҷумла дар ағбаҳои Анзоб ва Шаҳристон барф борид, ки ҳаракати нақлиётро дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ душвор кард. Субҳи 22-май ин роҳ барои чанд муддат баста шуд ва ширкати IRS хабар дод, ки роҳ барои равуои дутурафа боз шудааст.

Бар асари омадани кӯҳпора дар километри 153-уми шоҳроҳ ҳаракати нақлиёт низ муваққатан манъ шуда буд. 

Субҳи 23-юми май ин ширкат хабар дод, ки роҳ боз аст ва мусофирон метавонанд бемушкил сафар кунанд.  

1/20

Аксҳо аз ширкати IRS ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳамчунин аз дар ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони мастчоҳи вилояти Суғд борони шадид ба барф табдил шуда, дар баъзе мавзеҳои ин навоҳӣ барфи аз интизор берун боридааст. Дар ҳоли ҳозир аз зарари расида аз ин барфбориҳо чизе гуфта нашудааст. 

Дар ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара низ бар пайи борони шадиди рӯзи якшанбе сел омадааст, ки аксу наворҳои онро корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд.

Оҷонсии обуҳавошиносӣ вазъи боду ҳавои кишварро барои имрӯз ин гуна пешбинӣ мекунад. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (шабона дар шарқи вилоят бориши сусти барф) меборад.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+2 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.


Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, борон дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борон, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат борида, рӯзона асосан бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.