Шаҳрдории Душанбе бо нашри як эълон гуфтааст, ки бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии корхонаи обу корези Душанбе аз соати 22:00 шаби 26 май то соати 02:00 шаби 27 май корҳои безараргардониро мегузаронад.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ин тасмим дар пайи боронгариҳои чанд рӯзи охир рӯи даст гирифта шудааст.
Шаҳрдории Душанбе аҳолиро огоҳ кардаст, ки дар натиҷаи корҳои безараргардонӣ об тира мешавад, ки он аз ҳисоби истифодаи аз меъёр зиёд гипохлориди натрий аст.
Аз ин лиҳоз, лозим донистем шаҳрвандонро огоҳ созем то дар ҷараён бошанд ва аз истифодаи оби ноҷӯшонда худдорӣ намоянд, - навиштаатс шаҳрдорӣ.
“Хлор”-олуд шудани об дар Душанбе дар ҳолест, ки дар пайи боронгариҳои шадиди рӯзҳои 21-22 май ба бархе кӯча, ҳавливу роҳрав ва таҳхонаи манзилҳои сокинони Душанбе зери об монда, ба роҳҳои автомобилгард баромадани об ҳаракати нақлиётро мушкил карда буд. Маълум мешавад, ки боронгариҳо ба дастгоҳҳои обкашонӣ низ зарар расонидаанд.
Агентии обуҳавошиносӣ: Чангу ғубор дар Тоҷикистон то 8 июл боқӣ мемонад
“Сомон Эйр” парвозҳоро бозмедорад. Ҳавопаймо намерасад?
“Мавҷи Истиқлол”: “Каналҳои телевизионӣ бо сабаби ноқисии сартосарӣ дар Русия аз кор монданд”
ММТ даври дуюми ҳуҷҷатсупорӣ ба имтиҳонҳоро эълон кард
Қазоқистон содироти маҳсулоти нафтиро бо автомобил манъ мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсире хоҳад дошт?
Шаббос Негматуллоев ба медали биринҷии аввалин мусобиқаи Ҷоми Элорда соҳиб шуд
Ҳамаи сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати нишаст дар Қирғизистонро пазируфтанд
Тоҷикистон ҳоло ҳам ба қарзи имтиёзноки ХБА умедвор аст
Се медали гуштингирони навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё
Дар як сохтмони Маскав беш аз 60 нафар муҳоҷирон ҷанҷолу занозанӣ карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста