Дар Душанбе бар асари бархӯрди мошини сабукрав бо автобус ронандаи мошини сабукрав ва мусофири 18-солаи ӯ ба ҳалокат расида, 9 мусофири автобус ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад КҲФ.

Гуфта мешавад, ки садама рӯзи 5 июн рух додааст.

Сурат: КҲФ ҶТ

"Рӯзи якшанбе соати 9:16 ба пулти идораи Кумитаи навбатдории оперативӣ дар бораи рух додани садама дар шаҳри Душанбе сигнал расид. Наҷотдиҳандагони КҲФ дар шаҳри Душанбе ҳангоми расидан ба ҷои ҳодиса маълум карданд, ки ронандаи 18-солаи мошини "Toyota Camry" як сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат дар болои пули "Путовский" идораи мошинро аз даст дода, ба автобуси мусофирбарии шаҳрӣ бархӯрдааст."

Сурат: КҲФ ҶТ

Бар асари ин ҳодиса ронанда ва мусофири ӯ як ҷавони 18-сола, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Наҷотдиҳандагон бо истифода аз асбобҳои махсус ҷасади қурбониёнро аз мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Сурат: КҲФ ҶТ

Номи кушташудагон эълом нашудааст.

Дар бархӯрд 9 мусофири автобус ҷароҳат бардоштаанд.  Онҳоро ба Маркази миллии тиббии "Шифобахш" бурдаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.