Дар минтақаи саноатии Руднево дар шарқи Маскав беш аз 60 нафар муҳоҷирон бо истифода аз чӯбу дигар пасмондаҳои масолеҳи сохтмон ба ҳамдигар ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Шоҳидон онро дар видео сабт ва кадрҳои он дар «ВКонтакте» нашр шудааст, хабар медиҳад Lenta.ru.

Дар навори видео дида мешавад, ки чӣ гуна муҳоҷирон партовҳои сохтмонро ба сӯи ҳамдигар мепартоянд. Аксарияти иштирокчиёни ҷанҷол бо чӯбу оҳану бетон ва ҳар чизи дигаре мусаллаҳанд.

Раҳгузарон баъдан нақл кардаанд, ки як гуруҳи сохтмончиён бекор истода, гуруҳи дигар тамоми корро ба ҷойи онҳо ба охир мерасонидаанд. Ба ақидаи онҳо, маҳз ҳамин омил боиси сар задани муноқиша шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки муҳоҷирон аз кадом кишварҳоянд. Ба мақомоти пулиси пойтахт дар бораи муноқиша ва осебдидагон маълумоте нарасидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.