Рӯзи 11 август кормандони КҲФ Тоҷикистон ҷасади як ноболиғро дар соҳили дарёи Зарафшон, дар ҳудуди деҳаи Озодагони ҷамоати деҳоти Хурмӣ пайдо кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуотии КҲФ кишвар як духтари 16-сола аз деҳаи Хӯҷапанҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷекат рӯзи 9 августи соли ҷорӣ баъди як муноқишаи оилавӣ аз хона берун шуда, дигар барнагаштааст.

"Корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот сари вақт оғоз шуданд ва танҳо 11-уми август поён ёфтанд". - хабар медиҳад манбаъ.

Дар робита ба ин ҳодиса,  Кумита аз волидон хоҳиш кардааст, ки бо фарзандони худ бо муҳаббати падариву модарӣ ва ҳисси дилсӯзӣ ба ояндаи онҳо муносибат кунанд.

Кумита таъкид кардааст, ки сахтгириҳои беҳадду марз оқибатҳои фоҷеабор доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.